10 мг

Шакл Ҳабҳо
Фаъол модда Гиосцин бутилбромид
Шакли пешниҳод 20-то ҳаб
Категорияи табобат Системаи хозима

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

1 ҳаб дорои:

гиосцин бутилбромид 10 мг.

НИШОНДОДҲО 

Дору барои бартараф намудани қабзи (спазмҳои) роҳҳои пешобу ҷинсӣ ё рӯдаи меъдаю рӯда, инчунин барои табобати симптоматикии синдроми рӯдаи ӽассос нишон дода шудааст.

Табобати симптоматикии спазмҳои узвҳои ҳозима, роҳҳои талхабарорӣ, пешоббарорӣ ва ҷинсӣ:

    • халаи талхадон; 
    • халаи гурда; 
    • рӯдаи ғафси спастикӣ; 
    • спазми (қабзи)  сурхрӯда; 
    • спазми (қабзи) меъда; 
    • спазмҳо (қабзи)  ҳангоми бемориҳои бо дарунравӣ ҳамроҳшуда ё гастроэнтерит.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Дору танҳо барои истеъмоли даҳонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳабҳоро бояд пурра фурӯ бурда, бо миқдори кофии об қабул намуд.

    • Калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло: аз 1–2 ҳаб аз 3 то 5 маротиба дар як шабонарӯз, бо миқдори ками моеъ қабул карда мешавад. 
    • Кӯдакони аз 6 то 12-сола: 1 ҳаб 3 маротиба дар як шабонарӯз
    • Кӯдакони то 6-сола: бояд шаклҳои мувофиқи дорувории гиосцин бутилбромид бо ҳисоби 1 мг/кг вазни бадан дар як шабонарӯз истифода шаванд. 

Истифодаи дору дар кӯдакони то 1-сола тавсия дода намешавад.

Дору набояд ҳар рӯз бе танаффус ё муддати дароз бидуни муайян кардани сабаби дарди шикам истифода карда шавад.

шАКЛИ БАРОРИШ

Ҳабҳо №20

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Гиосцин бутилбромид ба мушакҳои ҳамвори узвҳои дохилӣ (роҳи меъдаю рӯда, роҳҳои талхабарорӣ ва пешоббарорӣ) таъсири маҳаллии зиддиспазмӣ мерасонад ва ҷудошавии ғадудҳои ҳозимаро кам мекунад.

Таъсири маҳаллии зиддиспазмӣ бо фаъолияти ганглиоблокаторӣ ва зиддимускаринӣ вобаста мебошад. Азбаски гиосцин бутилбромид ҳосилаи аммонии чорумдараҷа мебошад, он аз монеаи гематоэнсефалӣ (ГЭБ) намегузарад, бинобар ин таъсири антихолинергӣ ба системаи марказии асаб вуҷуд надорад.

Таъсири зиддиспазмии дору тақрибан пас аз 15 дақиқа баъди қабул оғоз меёбад.

Биоазхудкунии миёна камтар аз 1% мебошад. Пас аз қабули яквақтаи гиосцин бутилбромид ба таври даҳонӣ дар вояҳои 20–400 мг, консентратсияи максималӣ дар плазмаи хун (Cmax) тақрибан баъди 2 соат ба даст меояд.

ЗИДНИШОНДОДҲО

    • ҳассосияти баланд ба моддаи фаъол ё ягон моддаи ёрирасони дору; 
    • миастения гравис; 
    • тангшавии роҳҳои меъдаю рӯда, ки бо сабабҳои механикӣ вобаста аст; 
    • басташавии фалаҷӣ ё обструктивии рӯда; 
    • мегаколон; 
    • глаукомаи кунҷи пӯшида; 
    • кӯдакони то 1-сола.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби системаи масуният:

    • басомад номаълум* — шоки анафилактикӣ, аксуламалҳои анафилактикӣ, нафастангӣ, дигар аксуламалҳои ҳассосияти баланд. 

Аз ҷониби дил:

    • кам-кам — тахикардия. 

Аз ҷониби роҳи меъдаю рӯда:

    • кам-кам — хушкшавии даҳон. 

Аз ҷониби пӯст ва бофтаҳои зери пӯст:

    • кам-кам — аксуламалҳои пӯст (масалан, крапивница, хориш), вайроншавии арақкунӣ; 
    • басомад номаълум* — доначаҳои пӯст, эритема. 

Аз ҷониби гурдаҳо ва роҳҳои пешоб:

    • нодир — нигоҳ доштани пешоб. 

* Басомад номаълум — аз рӯи маълумоти мавҷуда муайян карда намешавад. 

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Дору метавонад таъсири антихолинергии доруҳои зеринро пурзӯр намояд:

    • антидепрессантҳои трициклӣ ва тетрациклӣ; 
    • доруҳои зиддигистаминӣ; 
    • хинидин; 
    • амантадин; 
    • доруҳои зиддипсихотикӣ (масалан, ҳосилаҳои бутирофенон ва фенотиазин); 
    • дизопирамид; 
    • дигар доруҳои антихолинергӣ (ба монанди тиотропий, ипратропий ва пайвастагиҳои ба атропин монанд). 

Истифодаи ҳамзамон бо антагонистҳои дофамин, ба монанди метоклопрамид, метавонад боиси кам шудани таъсири ҳар ду дору ба роҳи меъдаю рӯда гардад.

Дору метавонад тахикардияеро, ки аз доруҳои бета-адренергӣ ба вуҷуд меояд, пурзӯр намояд.  

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Маълумот оид ба истифодаи гиосцин бутилбромид дар занон дар давраи ҳомиладорӣ маҳдуд мебошад. Ҳамчун чораи эҳтиётӣ, истифодаи дору дар давраи ҳомиладорӣ тавсия дода намешавад.

Давраи синамаконӣ

 Маълумот оид ба хориҷшавии гиосцин бутилбромид ва метаболитҳои он тавассути шири модар дар инсон кофӣ нест. Истифодаи дору дар давраи синамаконӣ тавсия дода намешавад.