БОДРИН
Бозгашт ба маҳсулот300 мг / 100 мг / 100 мг
| Шакл | Капсулаҳо |
|---|---|
| Фаъол модда | "Экстракти хушк аз гули зирк / Экстракти хушк аз алафи пустирник / Экстракти хушк аз решаи пиёни ширранг" |
| Шакли пешниҳод | 30-то капсула |
| Категорияи табобат | Системаи асаб |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
Дар 1 капсула:
Экстракти хушки гули чойкахак (зверобой) — 300 мг
Экстракти хушки алафи пустырник — 100 мг
Экстракти хушки решаи пион — 100 мг
НИШОНДОДҲО
· синдроми астеникӣ;
· ихтилолҳои депрессивӣ ва изтиробӣ;
· вайроншавии хоб;
· неврозҳо (аз ҷумла бо тахикардия ва кардиалгия);
· баланд шудани ҳаяҷонпазирӣ, аз ҷумла ҳангоми бемориҳои пӯст, дард, ҷароҳатҳо ва сӯхтагиҳо (дар таркиби табобати комплексӣ);
·марҳилаи ибтидоии гипертонияи артериявӣ (дар табобати комплексӣ).
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Доруи Бодрин ба дарун 1 капсула пеш аз хоб бо миқдори кофии моеъ қабул карда мешавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Капсулаҳо №30
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Дору таъсири зиддидепрессивӣ ва оромбахш дошта, рӯҳияро беҳтар мекунад, қобилияти равонӣ ва ҷисмониро баланд мебардорад ва хобро муътадил мегардонад.
Таъсири дору бо таркиби он вобаста аст:
- Экстракти зверобой — таъсири зиддидепрессивӣ, зиддиташвишӣ ва оромбахш; боздории МАО ва бозгашти нейромедиаторҳо (серотонин, норэпинефрин, дофамин), беҳтар намудани фаъолияти системаи асаби марказӣ, таъсири спазмолитикӣ.
- Экстракти пустырник — таъсири оромбахш бо кам кардани ҳаяҷони системаи асаби марказӣ; инчунин таъсири кардиотоникӣ ва диуретикӣ дорад.
- Экстракти пион — таъсири муҳофизат аз стресс, зиддиташвишӣ, зиддисудорга, мембраностабилизаторӣ ва зиддигипоксӣ.
ЗИДНИШОНДОДҲО
- ҳассосияти баланд ба ҷузъҳои дору;
- захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, гастрити эрозивӣ дар марҳилаи шиддат;
- ҳомиладорӣ;
- давраи ширмаконӣ;
- кӯдакони то 12-сола.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Аз ҷониби системаи ҳозима: дилбеҳузурӣ, дарди шикам (аз ҷумла дар минтақаи эпигастрӣ), хушкшавии даҳон, дамиш (метеоризм), дарунравӣ ё қабзият.
Аз ҷониби системаи асаби марказӣ: изтироб, хастагии зиёд, дарди сар.
Аз ҷониби системаи хун: камхунии норасоии оҳан.
Аксуламалҳои аллергӣ: хориши пӯст, доначаҳо, пигментацияи пӯст, ҳассосият ба нур (фотосенсибилизатсия), бештар дар беморони гирифтори ВНМО, инчунин ҳассосият ба пашми ҳайвонот.
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Дору таъсири доруҳои хобовар, бедардкунандахо (анальгетикӣ) ва зиддикабзиро тақвият медиҳад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Дар давраи истифодаи дору (хусусан дар беморони дорои пӯсти равшан) бояд аз дароз дар зери офтоб мондан ва истифодаи солярий худдорӣ кард.
Истифодаи ҳамзамон бо доруҳое, ки фотосенсибилизатсияро ба вуҷуд меоранд, тавсия дода намешавад.
Истифодаи якҷоя бо ингибиторҳои МАО тавсия намешавад.