20 мг

Шакл Хокаи лиоф. б/тазрик бо халкунанда
Фаъол модда Теноксикам
Шакли пешниҳод Флакон №3+3
Категорияи табобат Системаи такягоху харакат

Дар бораи маҳсулот

ТАРКИБ

Ҳар як флакон дорои: теноксикам — 20 мг.

НИШОНДОДҲО 

Табобати аломатҳо ва нишонаҳои остеоартрит, артрити ревматоидӣ ва спондилити анкилозкунанда, подаграи шадид, дарди шадиди мушакҳо, дарди пас аз ҷарроҳӣ ва дисменорея.   

ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР 

Таъсирҳои номатлубро метавон бо истифодаи ҳадди ақали вояи самаранок дар муддати кӯтоҳтарин, ки барои назорати нишонаҳо зарур аст, кам кард.

Калонсолон:

 Барои ҳамаи нишондодҳо, ба истиснои подаграи шадид ва дарди пас аз ҷарроҳӣ, вояи тавсияшудаи теноксикам 20 мг як маротиба дар як рӯз дар як вақт мебошад д/м ё ин ки д/в.

Дар ҳолати дарди пас аз ҷарроҳӣ — 40 мг дар як рӯз дар давоми 5 рӯз.

Ҳангоми ҳамлаи шадиди подагра — 40 мг як маротиба дар як рӯз дар давоми 2 рӯз, баъдан 20 мг дар як рӯз дар 5 рӯзи минбаъда.

Дар бемориҳои музмин таъсири табобатӣ аз оғози табобат намоён шуда, бо гузашти вақт зиёд мегардад. Аз 20 мг дар як рӯз зиёд истифода бурдан тавсия дода намешавад, зеро самаранокиро зиёд намекунад, вале хатари таъсирҳои номатлубро зиёд мекунад.

Дар ҳолати табобати дарозмуддат бояд шаклҳои даҳонии теноксикам истифода шаванд.

шАКЛИ БАРОРИШ

 Лиофилизат барои тайёр кардани маҳлул барои тазриқ.

3 флакон бо лиофилизат ва 3 ампула бо ҳалкунанда дар бастаи блистерӣ.

ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ

Теноксикам — моддаи фаъоли доруи Алтикам буда, дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ, дардбарор ва пасткунандаи ҳарорат мебошад, инчунин агрегацияи тромбоцитҳоро бозмедорад. Он биосинтези простагландинҳоро тавассути ингибитсияи ҳар ду изоформаи циклооксигеназа (ЦОГ-1 ва ЦОГ-2) дар in vitro ва in vivo бозмедорад.

Теноксикам ҳар ду изоформаи ЦОГ-ро тақрибан баробар бозмедорад (таносуби ЦОГ-2/ЦОГ-1 ≈ 1,34). Инчунин метавонад дар ҷойи илтиҳоб ҳамчун антиоксидант амал кунад ва металлопротеиназаҳоро, ки вайроншавии бофтаи пайҳаро ба вуҷуд меоранд, бозмедорад.

Ин таъсирҳо самаранокии клиникии онро дар бемориҳои илтиҳобӣ ва дегенеративии системаи ҳаракат шарҳ медиҳанд.

Фармакокинетика:

 Пас аз тазриқи дохилимушакӣ ва истеъмоли даҳонӣ, биодастрасии теноксикам яксон аст.

 Дар давоми 15 дақиқа пас аз тазриқ сатҳи плазмавӣ ба ≥90% консентратсияи максималӣ мерасад.

 Ҳангоми вояи 20 мг як маротиба дар як рӯз, консентратсияи устувор дар 10–15 рӯз ба даст меояд ва ҷамъшавӣ дида намешавад.

ЗИДНИШОНДОДҲО

Ҳассосияти баланд ба теноксикам ё ба ягон ҷузъи ёрирасони дору.

Алтикам инчунин дар бемороне манъ аст, ки дар гузашта реаксияҳои ҳассосияти баланд (астма, ринит, ангиоэдема ё крапивница) ба дигар доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ (НПВП), аз ҷумла ибупрофен ва кислотаи ацетилсалицилӣ, доштанд, бинобар эҳтимоли ҳассосияти муштарак ба теноксикам.

    • таърихи хунравии меъдаю рӯда ё перфоратсия, вобаста ба истифодаи НПВП; 
    • захми фаъоли меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта ё бемории такроршавандаи захм/хунравӣ (2 ва зиёда ҳолати тасдиқшуда); 
    • норасоии шадиди дил, ҷигар ва гурда; 
    • Кудакон ва наврасони то 18 сола;
    • семоҳаи III ҳомиладорӣ.

ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД

Аз ҷониби хун ва системаи лимфавӣ:

 басомад номаълум — камхунӣ, агранулоцитоз, лейкопения, тромбоцитопения.

Аз ҷониби системаи иммунӣ:

 басомад номаълум — реаксияҳои ҳассосияти баланд (тангии нафас, астма, анафилаксия, ангиоэдема).

Аз ҷониби мубодилаи моддаҳо ва ғизогирӣ:

 ғайриоддӣ — камшавии иштиҳо.

Аз ҷониби рӯҳӣ:

 ғайриоддӣ — вайроншавии хоб.

Аз ҷониби системаи асаб:

 бисёр — сарчархзанӣ, дарди сар.

Аз ҷониби чашм:

 басомад номаълум — вайроншавии биноӣ.

Аз ҷониби гӯш ва мувозинат:

 ғайриоддӣ — вертиго.

Аз ҷониби дил:

 ғайриоддӣ — тапиши дил;

 басомад номаълум — норасоии дил.

ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО 

Кислотаи ацетилсалицилӣ ва салицилатҳо:

Салицилатҳо метавонанд теноксикамро аз ҷойҳои пайвастшавӣ ба сафедаҳо хориҷ кунанд, ки боиси зиёд шудани клиренс ва ҳаҷми тақсимшавии он мегардад. Аз ин рӯ, истифодаи якҷоя тавсия дода намешавад, зеро хатари таъсирҳои номатлуб, махсусан аз ҷониби меъдаю рӯда, зиёд мешавад.

Воситаҳои зиддитромбоцитарӣ ва СИОЗС:

Истифодаи якҷояи НПВП бо доруҳои зиддитромбоцитарӣ ва ингибиторҳои интихобии бозҷаббиши серотонин хатари хунравии меъдаю рӯдаро зиёд мекунад.

Метотрексат:

 Ҳангоми истифодаи якҷоя эҳтиёт зарур аст, зеро НПВП хориҷшавии метотрексатро кам карда, заҳролудшавии онро зиёд мекунанд.

 ДАСТУРҲОИ МАХСУС

Теноксикам синтези простагландинҳоро дар гурдаҳо бозмедорад, ки метавонад ба гемодинамикаи гурда ва тавозуни обу намак таъсир расонад. Истифодаи якҷоя бо НПВП, аз ҷумла ингибиторҳои интихобии ЦОГ-2, тавсия дода намешавад.

Таъсирҳои номатлуб бо истифодаи ҳадди ақали воя ва кӯтоҳтарин давомнокӣ кам карда мешаванд.

Роҳи меъдаю рӯда:

 НПВП метавонанд хунравӣ, захм ва перфоратсияи меъдаю рӯдаро ба вуҷуд оранд, ҳатто бе нишонаҳои пешакӣ. Бо эҳтиёт дар беморони колити захмдор ва бемории Крон истифода мешавад.

Фертилитет:

 Ингибитсияи простагландинҳо метавонад ҳосилхезиро коҳиш диҳад, бинобар ин барои заноне, ки ҳомиладор шуданро нақша доранд, тавсия дода намешавад.

Ҳомиладорӣ:

 Дар семоҳаҳои I–II бо эҳтиёт истифода мешавад.

 Дар семоҳаи III манъ аст (хавфи токсикоз барои ҷанин, дароз шудани таваллуд ва хунравӣ).

Ширмаконӣ:

 Миқдори хеле кам (<0,3%) ба шири модар мегузарад. Ҳангоми табобат, агар зарур бошад, ширмаконӣ қатъ карда мешавад.