АЭРОЛЕТ ШАРБАТ
Бозгашт ба маҳсулот7 мг\мл
| Шакл | Шарбат |
|---|---|
| Фаъол модда | Экстракти баргҳои печак |
| Шакли пешниҳод | Флакон 100 мл |
| Категорияи табобат | Системаи узвхои нафаскаши |
Дар бораи маҳсулот
ТАРКИБ
100 мл шарбат: 0,7г. экстракти барги печонро (плющ) дар бар мегирад
НИШОНДОДҲО
Муолиҷаи симптоматии бемориҳои шадид ва музмини илтиҳобии роҳҳои нафас, ки бо сулфа ва ташаккули луоби часпак ва душворҷудошаванда ҳамроҳ мешаванд, аз ҷумла бронхити шадид ва музмин, махсусан бо синдроми обструктивӣ.
ТАРЗИ ИСТИФОДА ВА МИҚДОР
Шарбати Аэролет пас аз хӯрок даҳонӣ қабул карда мешавад. Пеш аз истифода бояд такон дода шавад.
| СИНУ СОЛ | МИҚДОРИ ДОРУ |
| Кӯдакони то 1 сола: | 2,5 мл шарбат 1 маротиба дар як рӯз |
| Кӯдакони аз 1 то 4 сола: | 2,5 мл шарбат 3 маротиба дар як рӯз |
| Кӯдакони аз 4 то 10 сола: | 2,5 мл шарбат 4 маротиба дар як рӯз |
| Калонсолон ва кӯдакони аз 10 сола боло: | 5 мл шарбат 3 маротиба дар як рӯз |
Давомнокии табобат аз шиддати беморӣ вобаста аст, аммо бояд на камтар аз 7 рӯз бошад. Пас аз аз байн рафтани нишонаҳо тавсия дода мешавад, ки табобат 2–3 рӯзи дигар идома дода шавад.
шАКЛИ БАРОРИШ
Шарбат барои истеъмоли даҳонӣ дар шишаи шишагини зард бо ҳаҷми 100 мл, бо сарпӯши муҳофизатии тобхӯр. Як шиша ҳамроҳ бо дастури истифода ва косаи ченкунанда дар қуттии картонӣ ҷойгир аст.
ХОСИЯТҲОИ ФАРМАКОЛОГӢ
Фармакодинамика
Аэролет — доруи балғамовар аз пайдоиши растанигӣ буда, дорои таъсири балғамовар, муколитикӣ ва спазмолитикӣ мебошад, ки бо мавҷудияти сапонинҳо вобаста аст. Часпакнокии балғамро кам карда, хориҷшавии онро осон менамояд.
ЗИДНИШОНДОДҲО
Ҳассосияти баланд ба ягон компоненти дору.
ТАЪСИРҲОИ НОМУСОИД
Дар ҳолатҳои хеле нодир метавонад аксуламалҳои аллергӣ ба амал оянд (доначаи пӯст, уртикария, варами Квинке); ихтилолҳои меъдаю рӯда (дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ).
ТАЪСИРРАСОНИ БО ДИГАР ДОРУҲО
Доруро набояд ҳамзамон бо доруҳои зидди сулфа, ба монанди кодеин ва декстрометорфан, истифода бурд, зеро ин метавонад хориҷшавии балғами моеъшударо душвор гардонад.
ДАСТУРҲОИ МАХСУС
Ҳангоми нигоҳдорӣ мумкин аст каме тира шудани шарбат ва тағйироти ночизи таъм ба амал ояд, ки ба таъсири табобатии дору таъсир намерасонад.
Истифода дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ
Истифодаи Аэролет дар давраи ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ тавсия дода намешавад, зеро маълумот дар бораи бехатарии истифодаи он дар ин давра мавҷуд нест.